ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, якшанбе, 308-умин рӯзи соли 2024 аст
3 ноябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуданд.
***
14 сол пеш, 3 ноябри соли 2010 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истеъмоли маҳсулоти тамоку»-ро маъқул донист.
***
3 ноябри соли 2010 байни Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Вазири вақти корҳои хориҷии Британияи Кабир Симон Фрайзер атрофи авзои Афғонистон ва роҳҳои бартарафсозии мушкилоти сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯи судманд доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид.
***
3 ноябри соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори чорум ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам дохил шуданд.
***
3 ноябри соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири нави фавқулода ва мухтори давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.
***
3 ноябри соли 2022 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави хуштарҳу замонавии бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар Чемпионати ҷаҳонии касбии ҷиу-ҷитсу дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
3 НОЯБР:
Дар Ҷопон– Рӯзи фарҳанг.
***
Дар Либерия – Рӯзи миннатдорӣ.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Масъуд Муллоҷонов -соли 1929 — мунаққид ва публисисти тоҷик.