ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 ноябр, шанбе, 314-умин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 9, 2024 08:00

9 ноябри соли 2008 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон оғоз гардиданд.

***

9 ноябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 29-уми Шурои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ намуданд.

***

14 сол қабл, 9 ноябри соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.

***

9 ноябри соли 2011 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид.

***

9 ноябри соли 2012 масъалаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия муҳокима шуд.

***

9 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди якчанд иншооти соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Варзоб санги асос гузоштанд.

***

9 ноябри соли 2017 дастаи мунтахаби то 19-солаи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар бозии охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби то 19-солаи Узбекистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ба сабқати муҳташами қора роҳхати мустақим ба даст овард.

***

9 ноябри соли 2018 зимни ҷаласаи Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи ҳайати Тоҷикистон таҳти унвони «Бознигарии фарогири миёнамуҳлати раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» муаррифӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Маркази муқовимат бо терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

***

9 ноябри соли 2021 Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия пешниҳод гардид.

***

9 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои қисми ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуданд.

***

9 ноябри соли 2023 дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар кори он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

9 НОЯБР:

Рӯзи байналмилалии мубориза бо фашизм ва нажодпарастӣ.

***

Дар Камбоҷа- Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи парчами давлатӣ.

ДАР ИН РӮЗТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Абдусалом Раҳимов -соли 1917—ҳунарпеша ва коргардони синамо. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон (1945). Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1962).

Ноябрь 9, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, душанбе, 344-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 343-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, ҷумъа, 341-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 декабр, чоршанбе, 339-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 декабр, душанбе, 337-умин рӯзи соли 2024 аст