Тоҷикистон ва Австрия ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ намуданд

Ноябрь 30, 2024 11:21

ДУШАНБЕ, 30.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Вена мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо мудири кулли Вазорати корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Николаус Маршик  баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот атрофи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба ва равобити ҳарду мамлакат дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор карда шуд.

Инчунин дар шаҳри Вена муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо ноиби Президенти Палатаи иқтисоди Австрия Филипп Гади мулоқот намуд.

Зимни он доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, технологияҳои нав, сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2024 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд