35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд

Декабрь 3, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 03.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Кеврони Ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар масоҳати 0,50 гектар майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз хабар доданд.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 35 метрро ташкил медиҳад. Майдони Парчами давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии сокинону соҳибкорон сохта, ба истифода дода шуд.

Зимни ифтитоҳи майдон таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Рамзи муқаддаси миллӣ мояи ифтихору сарбаландӣ ва шарафмандии шаҳрвандони давлати соҳибистиқлол буда, ҳамагонро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлоли миллӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба тамаддуну фарҳанги қадимӣ ва корҳои созандагӣ барои рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят менамоянд.

Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони дигар деҳаҳои ноҳия низ бо дастгирӣ аз ин иқдом дар ободии диёр саҳм мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Декабрь 3, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд