Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
ДУШАНБЕ, 27.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ёздаҳ моҳи соли 2024 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор 4 миллиарду 564 миллион сомониро ташкил намуда, суръати рушд ба 113 фоиз баробар гардид. Ин нуктаро иҷрокунандаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ёздаҳи моҳи соли равон дар иҷлосияи бисту панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати шашум таъкид намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 518 миллиону 500 ҳазор сомонӣ зиёд буда, ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 101,9 фоиз, кишоварзӣ 111,3 фоиз, сармоягузорӣ ва сохтмон 140 фоиз, гардиши савдо 110,3 фоиз ва хизматрасонӣ 103 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар иҷлосия вакилон дар маҷмуъ понздаҳ масъала, аз ҷумла тасдиқи буҷети шаҳр дар соли 2025 ва иҷрои буҷет дар соли 2023, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми даромад ва хароҷоти буҷет дар соли 2024, муқаррар намудани меъёри андоз ва пардохти ҳатмии дигар андозҳо дар шаҳр, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, тасдиқ карданд.
Вакилон вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






