Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Узбекистон барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 21.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон бо мақсади омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе қарор доштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, 18 декабр муовини якуми Раиси шаҳр Ҷамшед Табарзода ҳайати мазкурро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар самти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва минбаъд тақвият бахшидани равобити ҳайатҳо дар самти омӯзиши таҷрибаи якдигар баррасӣ гардиданд.
Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷонибдори идомаи тақвияти ҳамкорӣ бо тамоми минтақаҳои ҷумҳурии ҳамсоя ва дӯсти Узбекистон мебошад.
Муовини якуми Раиси шаҳр Ҷамшед Табарзода иброз дошт, ки «мо омодаем, дар масъалаи табодули таҷрибаи шаҳрсозӣ бо тамаркуз ба «шаҳри сабз» бо ҷонибҳои манфиатдор ҳамкорӣ намоем».
Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе то 19 декабри соли равон идома ёфт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






