Анҷумани ХIХ Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор гардид

Декабрь 20, 2024 13:33

ДУШАНБЕ, 20.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр дар шаҳри  Душанбе Анҷумани навбатии XIX Ҳизби демократи Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар кори он вакилон аз кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб иштирок намуданд.

Дар анҷумани ҳизб тибқи тартиб се масъалаи  рӯзномаи корӣ: фаъолияти Ҳизби демократи Тоҷикистон пас аз Анҷумани XVIII ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон,  муаррифии муҳтавои  барномаи пешазинтихоботии Ҳизби демократи Тоҷикистон ва пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  Ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба  қарор гирифт.

Аз рӯйи масъалаи якум раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Шаҳбози Аброр ва аз рӯйи масъалаи дуюм раиси созмони Ҳизби демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фатҳиддин Солеҳов баромад намуданд.

Тибқи масълаи сеюми рӯзномаи анҷуман —  пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Ҳизби демократи Тоҷикистон  5 аъзои фаъоли ҳизб,   аз ҷумла  раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Шаҳбози Аброр, раиси созмони Ҳизби демократи Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе Фатҳуддин Солеҳов, муовини раиси ҳизб Зуҳро Мирзоева, раиси  созмони Ҳизби демократи Тоҷикистон  дар вилояти Суғд Ҷаббор Юлдошев ва раиси созмони Ҳизби демократи Тоҷикистон  дар минтақаи Рашт Илёсиддин Саидҷаъфаров бо ҷонибдории аксар иштирокчиёни анҷуман ҳамчун номзад  ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 20, 2024 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд