Анҷумани IX Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор шуд

Декабрь 24, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 24.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар шаҳри Душанбе Анҷумани IX Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори анҷуман вакилон аз кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб иштирок намуданд.

Дар анҷумани ҳизб, аз ҷумла масъалаҳо вобаста ба фаъолияти ҳизб, иштироки Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, интихоби Раис ва ҳайати Кумитаи марказии Ҳизби аграрии Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва барномаи пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Аз рӯйи масъалаҳои рӯзномаи кори анҷуман раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода сухан гуфт.

Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман Рустам Латифзода бори дигар Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб шуд.

Вакилони анҷуман баъди баррасии масъалаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии 13 аъзои фаъоли ҳизб, аз ҷумла вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фазлиддин Икромӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Аҳмадзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Холбойзода, директори генералии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТаадЭс» Нуралӣ Ниязов, директори Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Деваштич Бобоҷон Қодиров, Муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода,  раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқҳои касабаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муродҷон Исоқов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансур Усмонзода, муаллими калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Муҳайё Ҳотамова, мудири кафедраи фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Одилҷон Абдуллозода, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ Сино Аюбов ва сардори шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҷилваи Шоназарро ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 24, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд