Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода таъкид дошт, ки давоми даҳсолаҳои охир обшавии босуръати пиряхҳо таҳти таъсири тағирёбии иқлим ба таҳдиди глобалии сайёра табдил ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳои коршиносон, дар шароити тағйирёбандаи иқлим дар охири асри XXI сеяки пиряхҳои кураи Замин аз байн мераванд.
Обшавии пиряхҳо мувозинати экологиро вайрон намуда, ба гардиши об дар сайёраи мо таҳдидҳои ҷиддӣ доранд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ин раванд боиси офатҳои табиӣ — обхезӣ, фаромадани тарма ва сел мегардад, ки хисороти калони иқтисодӣ меоранд ва боиси талафоти ҷонӣ низ мегарданд.
«Давоми даҳсолаи охир ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмони бонуфузи ҷаҳонӣ- Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор мекунад, ки сари ин масъалаҳо андешида, барои дар амал татбиқ намудани ин масъалаҳои мубраму саривақтӣ кӯшиш ба харҷ диҳем»,-гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.
Иброз гардид, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатънома дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард.
Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати аъзои ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид сабаби ифтихору сарфарозии ҳама тоҷикони ҷаҳон гардид.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






