«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД» ВА «БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Душанбе озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст мегарданд

Декабрь 16, 2024 15:08

ДУШАНБЕ, 16.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 17 декабр, соати 10:00 дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Беҳтарин ҳамсар» ҷамъбаст мегарданд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин озмунҳо дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» аз моҳи ноябр то нимаи аввали моҳи декабр  дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор шуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» тадбири муҳим буда, аҳли ҷомеаро ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят менамояд.

Оилаҳои ҳунарманд дар озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» аз рўйи намудҳои тасдиқшудаи феҳристи ҳунарҳои бадеии халқӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи озмуни «Беҳтарин ҳамсар», пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва зебоипарастию меҳнатдӯстӣ  мебошад.

Дар доираи талаботи озмуни «Беҳтарин ҳамсар» ба мардҳо афзалият дода шуд. Яъне, марди оила бояд ҳамаҷиҳата рушдёфта бошад, дар самти маърифатнокии аҳли оила, ба илмомӯзию касбомӯзӣ машғул шудани онҳо, меҳанпарастию меҳнатдӯстии фарзандон, таъмини шароити мусоид барои кору таҳсил, ҷалби фарзандон ба варзиш, корҳои ҷамъиятӣ ва дигар самтҳои рушди оила саҳм гузорад.

Ғолибон аз ҷониби кумитаи тадорукот бо Диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 16, 2024 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад