Дар Арманистон ҷаласаи Шурои раисони судҳои олии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи нахустини Шурои раисони судҳои олии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо иштироки ҳайатҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Русия рӯзи панҷшанбе дар Ереван баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Арменпресс».
Дар ҷаласа таҳти раёсати раиси Суди кассатсионии Арманистон Лилит Тадевосян якчанд масъалаҳо оид ба самтҳои афзалиятнок ва шаклҳои ҳамкорӣ, амалҳои якҷоя оид ба омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳи ихтисоси судяҳо ва мутахассисони низоми судӣ, омӯзиши таҷрибаи истифодаи шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби судҳои миллӣ баррасӣ шуданд.
Доир ба таҳияи барномаи чорабиниҳо барои солҳои 2025-2026 ва ташкили гурӯҳҳои кории доимӣ қарорҳо қабул карда шуданд.
Аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ байни судҳои олии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таҳкими механизмҳои ёрии ҳуқуқӣ ба ҳамдигар таъкид гардид.
АКС: АИ «Арменпресс»








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






