Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад

Декабрь 18, 2024 14:00

КӮЛОБ, 18.12.2024 /АМИТ  «Ховар»/. Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб марҳила ба марҳила аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо таҷҳизоти соҳавӣ таъмин гардид. Дар беморхона аксар бемориҳо бо истифода аз таҷҳизоти гуногун сари вақт ташхис ва ба муолиҷа фаро гирифта мешаванд. 

Тавре табиби ҷарроҳи Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб Неъматулло Шарифзода иттилоъ  дод,  «дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудани якчанд  барномаи давлатӣ дар самти соҳаи тандурустӣ ба рушди соҳа ва беҳтар шудани сифати хизматрасонии тиббӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар баробари дигар муассисаҳои тиббӣ Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Тавассути ҳамкории дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд ва амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани кумаки педиатрӣ бо маблағгузории аккредитатсияи Русия» ба беморхона таҷҳизоти гуногуни ташхисию муолиҷавӣ дастрас гардид».

Табибони беморхонаи марказӣ бо дастрас шудани 15 таҷҳизоти муосири тиббӣ икдом гирифтанд, ки ташхису табобат ва хизматрасониро беҳтар карда, дар солимии ҷомеа саҳм гузоранд.

Дар доираи омодагӣ ба фасли зимистон дар шуъбаҳои беморхона ба кадри кофӣ сӯзишворӣ захира шудааст. Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар ин самт ва таъмини таҷҳизоти соҳавии ташхису табобат ба он мусоидат намуд, ки беморон сари вақт саломатии худро барқарор намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 18, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад