Дар Боку вохӯрии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр дар шаҳри Боку дар ҳошияи Конфронси байналмилалии парламентӣ дар мавзуи «Парламентаризм: анъанаҳо ва дурнамо» вохӯрии раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, тандурустӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Маҳмадшоҳ Гулзода бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷон ва Тоҷикистони Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Айдин Мирзазаде баргузор гашт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҷараёни густариши ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон зарурати вусъат додани фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷонро дар ин раванд муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар мулоқот инчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон ва як зумра вакилони Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






