Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида Соли маърифати ҳуқуқӣ вохӯрӣ баргузор шуд

Декабрь 14, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 14.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр мулоқоти намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Вохӯрӣ ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бахшида шуда,  намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва пешгирии ҳамроҳшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ сухан гуфтанд.

Таъкид шуд, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Мо, тоҷикон, ки таҷрибаи душвори таърихро дар ибтидои соҳибистиқлолӣ аз сар гузарондем ва бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шудем, бояд бештар ба қадри сулҳу ваҳдат расем. Ин неъмати бебаҳо ба туфайли меҳнати чандинсолаи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Гиромӣ доштани сулҳу ваҳдат вазифаи асосии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад. Махсусан ҷавонон бояд пайваста пайи аз худ кардани илму дониш шуда, дар рушди Тоҷикистон саҳм гузоранд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Декабрь 14, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид