Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 22.12.2024/АМИТ «Ховар»/. 21 декабр дар кӯчаи Соҳилии пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони соҳаҳои тандурустию маориф, ҳифзи муҳити зист, ҷавонону варзишгарон ва дигар сохторҳои марбута таҳти унвони «Ободии пойтахт мароми мо, сокинони он мебошад» аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Иштирокдорони аксия соҳили дарёи Душанберо дар кӯчаи Соҳилӣ пурра аз партов тоза намуданд. Сокинони пойтахт мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ нишон дода, дар чунин корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Ин иқдом пеш аз ҳама, бо мақсади саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию тозагӣ ва созандагӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати экологии сокинон гузаронида шуд. Мақсади дигари ин чорабинӣ ба шаҳри тозаю озода ва боз ҳам сабзу хуррам табдил додани шаҳри Душанбе мебошад.
Ёдовар мешавем, ки имсол бо пешниҳоду иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт Соли маърифати экологӣ эълон гардидааст. Он ба даъвати сокинони пойтахт ба тозагию озодагӣ ва ба дигарон талқин намудани маърифати экологии шаҳрнишинӣ мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд






