Дар Душанбе ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 31.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабр дар Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятӣ хабар доданд, дар ҷаласа масъалаи тарҳрезии нақшаи кори шуро барои соли 2025 баррасӣ гардид.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Шурои ҷамъиятӣ шакли ҳамкории сиёсию иҷтимоӣ байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Дар нақшаи кори Шурои ҷамъиятӣ барои соли 2025 масъалаҳое ба нақша гирифта шуданд, ки ҳама паҳлуҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии ҷумҳуриро таҷҷасум менамоянд. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин масъалаҳои муҳим ба хотири рушди соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маориф ба таври муколама мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, барои беҳбудии кор тавсияҳои судманд пешниҳод шуданд.
АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






