Дар Душанбе оид ба рақамикунонии иқтисодиёт ҳамчун омили рушди устувор конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Декабрь 19, 2024 08:43

ДУШАНБЕ, 19.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Солҳои рушди саноат ва Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар мавзуи «Рақамикунонии иқтисодиёт-омили рушди устувор» конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Дар конференсия муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод Баҳром Сафаров иброз дошт, ки яке аз омилҳои асосие, ки ба суръатбахшии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонад, ин рушди технологияҳои рақамӣ мебошад. Тоҷикистон дар марҳилаи нави иқтисоди рақамӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ амалӣ менамояд. Рушд ёфтани технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон барои расидан ба ҳама Ҳадафҳои рушди устувор аҳамияти муҳим дорад.

Намояндаи Раёсати гузариш ба низоми рақамии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Ёров иброз намуд, ки «солҳои охир рушд бахшидани иқтисоди рақамӣ ба яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Барои фароҳам овардани рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ тақозои замон буда, яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Зеро рақамикунонии иқтисодиёт имкон медиҳад, ки шакли муосири рушди иқтисодӣ таҳияву татбиқ ва сармояи байналмилалӣ ҷалб карда шавад».

Дар конференсия инчунин намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт», Донишгоҳи давлатии иқтисоди Урал ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд дар мавзуъҳои «Рақамикунонии роҳу нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳлили номгӯи самтҳои афзалиятноки Русия дар соҳаи технологияҳои компютерӣ ва аҳамияти байналмилалии онҳо» ва «Табдилёбии модели рушди саноат дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт» ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ маъруза намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Декабрь 19, 2024 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»