Дар Душанбе рушди бозори меҳнат дар шароити иқтисоди «сабз» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2024/АМИТ «Ховар»/. «Рушди бозори меҳнат дар шароити ташаккули иқтисоди «сабз»»- таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии рушди устувор ва иқтисоди «сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди устувор, иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуда, оид ба муҳим будани мавзуи матраҳшуда дар шароити ташаккули иқтисоди «сабз» дар ҷаҳони муосир табодули назар намуд.
Таъкид шуд, ки рушди бозори меҳнат дар шароити иқтисоди «сабз» ҳамчун яке аз механизмҳои калидии ин раванд бояд мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирад. Бозори меҳнат бояд мутобиқ ба талаботи нави иқтисоди «сабз» ташаккул ёфта, ба таври муассир ба таъсиси ҷойҳои нави кор, таъмини шуғли пурмаҳсул ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат кунад.
Дар ҳамоиш намояндагони масъули вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва олимону коршиносони соҳа доир ба мавзуи баррасишуда табодули назар намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш таклифу пешниҳодҳо дар шакли хулоса қабул гардиданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






