Дар Кӯлоб дар назди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуд

Декабрь 23, 2024 17:00

КӮЛОБ, 23.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давоми як соли охир дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва дар асоси «Барномаи давлатии таҷдиду навсозии муассисаҳои таьлимӣ» дар назди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ синфхонаҳои нави иловагӣ бо таъмини шароити мусоиди таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳамчунин дар деҳаи Лавоваи Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб бинои иловагии филиали Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 мавриди истифода қарор гирифт, ки ин бозгӯи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бинои иловагии назди муассиса дуошёна буда, дорои 4 синфхонаи фаннӣ ва як утоқи кории омӯзгорон аст.

Тавре директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и шаҳри Кӯлоб Даврон Одинаев иттилоъ дод, «филиали Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и деҳаи Лавова аз соли 1964 то инҷониб фаъолияти назаррас дошт. Умед аст, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагӣ сатҳу сифати таьлиму тарбия боз ҳам беҳтар мегардад. Хонандагони филиали муассиса мақсад гузоштаанд, ки бо иштирок дар озмунҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ, азбар намудани илмҳои замони муосир ва ноил гардидан ба дастовардҳои навтарин дар оянда ба халқу миллат содиқонаю софдилона хизмат намоянд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 23, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид