Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар бинои нави таълимӣ, таҷрибавӣ ва табобатӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 08.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар бинои нави таълимӣ, таҷрибавӣ ва табобатӣ бунёд мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино аз 5 ошёна иборат буда, ҳамчун бинои омӯзишӣ-табобатӣ ва амалӣ хизмат намуда, яке аз лоиҳаҳои муҳим барои рушди ояндаи коллеҷ мебошад. Сохтмони бино дар марҳилаи анҷом қарор дошта, дорои синфхонаҳои таълимӣ, озмоишӣ ва утоқҳои табобатӣ аст.
Баъди анҷоми сохтмони бино омӯзгорон дар баробари таълим додани донишҷӯён ба табобати беморон низ машғул мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки донишҷӯён дар давраи таҳсил аз ташхису табобати беморон пурра огоҳ шаванд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






