Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
ДУШАНБЕ, 07.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роҳи умед»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки дар воқеъ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муҳими идеологию сиёсӣ дар давоми 30 соли фаъолияти босамари хеш то имрӯз дар самти амалисозии ғояҳои созандаи хеш, ки баҳри устуворсозии иқтисоди миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва рушди босуботи давлат равона гардидаанд, ба муваффақиятҳо ноил гардид.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули иродаи қавӣ, нияти нек, хиради воло, дурандешӣ, мақому манзалати хоссаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо сабку усули қиёснопазир ба саҳнаи сиёсат омад ва дар ин муддат аз рӯйи меъёри бо мардум, миёни мардум ва барои мардум амал намуда, дар ташаккули ҷомеаи шарҳвандӣ ва давлатдории навини тоҷикон нақши муассир мегузорад.
Ин ҳизб ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа давоми 30 соли фаъолият барои рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум корҳои назаррасе анҷом дод. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ таъмину пойдор гардид.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»


















Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






