Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аюб Усмонзода бо масъулини ташкилоти Helvetas дар Тоҷикистон байни ҷонибҳо барои таъсиси боғи интенсивӣ дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд, мувофиқи ин санад дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавӣ боғи интенсивии дарахтони қадпасти зардолу, гелос, себ ва нок бо истифодаи технологияи сарфаи об, яъне обёрии қатрагии автоматикӣ, истифодаи энергияи барқароршаванда, яъне панелҳои офтобӣ дар 2,4 гектар ташкил карда мешавад.
Масъулияти омода намудани замин, нигоҳубини боғ ва таъмини системаи обёрӣ ба Парки технологии донишгоҳ вогузор шудааст. Ин иқдом дар доираи лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об амалӣ шуда, аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) маблағгузорӣ мегардад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






