Дар низоми ҳокимияти судии Тоҷикистон 97 нафар зан судя мебошад
ДУШАНБЕ, 09.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар низоми ҳокимияти судии мамлакат аз 385 судя 97 нафари онҳо занон мебошанд, ки дар вазифаҳои раиси суд, муовини раис, раиси коллегияи судӣ ва судя фаъолият дошта, дар таъмини адолати судӣ саҳми назаррас мегузоранд. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабр зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки ба масъалаи ҷалби васеи занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар низоми ҳокимияти судӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, шумораи судяҳо аз ҳисоби занон зиёд гардид.
Давлату ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо таъкиду дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақоми занро дар ҷомеа ба хотири иштироки васеи занону духтарон дар идоракунии давлат яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ эътироф намудааст.
Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз нишонаҳои мамлакати тараққиёфта ба шумор меравад. Тоҷикистон ҳамчун аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба санадҳои байналмилалӣ, ки дар онҳо ҳуқуқи занон қисми ҷудонопазири ҳуқуқи инсон эътироф шудааст, ҳамроҳ гардида, уҳдадориҳои байналмилалиашро пайваста иҷро менамояд.
Бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон, тавсеаи ҳуқуқ ва имконияти занон нақшаҳои миллӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ мешаванд. Ба тасвиб расидани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо», «Барномаи давлатии таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имконияти баробари мардон ва занон», «Барномаи давлатии дастгирӣ ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» аз ҷумлаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва тадбирҳое мебошанд, ки ба иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷомеа мусоидат менамоянд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз давраи соҳибистиқлолӣ ба неруи занону духтарон ҳамчун қишри асосии ҷомеа такя намуда, ҷалби онҳоро ба фаъолият дар ташкилот ва мақомоти давлатӣ, аз ҷумла таъйин ба мансабҳои роҳбарикунанда дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлатӣ қарор додаанд.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҳукумати мамлакат бо назардошти нақши муассири занону духтарон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор додааст. Мо ҳамеша ба масъалаи беҳбуди вазъи занону духтарон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ташаббусҳои созандаашонро пайваста дастгирӣ менамоем ва барои амалӣ гардидани иқдоми неку наҷиби онҳо заминаю имконияти мусоид фароҳам меоварем».
Бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мақсад ва вазифаи асосии давлат буда, кафолати амалӣ гардидани онҳо дар Конститутсия муқаррар карда шудааст. Дар натиҷаи талошҳои Ҳукумати мамлакат, пуштибонии мардуми Тоҷикистон ва дар асоси ин меъёри конститутсионӣ дар давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, амният ва тартиботи ҳуқуқию ҷамъиятӣ таъмин карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






