Дар ноҳияи Шаҳринав вобаста ба интихоботи вакилони халқ машварати омӯзишӣ доир гардид

Декабрь 14, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 14.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои эҳтимолии участкаҳои интихоботӣ ва аҳолии ноҳия машварати омӯзишӣ баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад, намояндагони  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ доир ба омодагии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот, тартиби ташкили участкаҳои интихоботӣ ва комиссияҳои участкавии интихоботӣ, доир ба фаъолияти комиссияҳои поёнии интихоботӣ, тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ ва барои шиносоии умумӣ пешниҳод намудани рӯйхатҳо ва таъминоти моддию техникии комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ маъруза намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳайатҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ бояд аз ҳисоби кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ташкилоти ғайридавлатӣ ва собиқадорон интихоб шаванд, то ба фаъолияти беғаразонаи онҳо шубҳа карда нашавад.

Ҳамчунин диққати иштирокдорони машварат ба масъалаҳои таҳия ва тасдиқи нақшаҳои кори комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ, тайёр намудани шиору овезаҳо доир ба интихобот, баргузории ҷаласаҳои комиссияҳои поёнии интихоботӣ ва сари вақт баррасӣ намудани масъалаҳои ба онҳо дахлдор ҷалб карда шуд.

Иштирокдорон вобаста ба амалисозии чорабиниҳои дар нақшаи тақвимӣ муайянгардида фикру андешаҳои судманд баён намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Декабрь 14, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд