Дар шаҳри Гулистон даври омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон даври омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» доир гардид, ки дар он мавзуи «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушд ва эҳёи давлатдории тоҷикон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар медиҳад.
Гуфта шуд, ки ибтидо бо баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд ва ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ Сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани шахсияти баруманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин қадамҳои қатъӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ гузошта шуданд.
Ҳукумати навтаъсиси мамлакат бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар роҳи таъмини сулҳу субот ва амнияти миллӣ пайваста тадбирҳои муассир ва натиҷабахш андешид.
Воқеан ҳам соҳибистиқлолӣ бузургтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист ба шумор рафта, Тоҷикистон маҳз ба туфайли он аъзои баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардид ва дар байни кишварҳои мутамаддини олам соҳиби мавқеи арзанда шуд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои баланд ноил гардид. Барои таъмини рушди босуботи мамлакат бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ давра ба давра эълон карда шуданд.
Имрӯз замоне фаро расидааст, ки сокинони саодатманди мамлакат ба ин нуктаи ибратомӯз аз гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ намуда, онро сармашқи кори худ қарор диҳанд: «Ҳар шаҳрванди худогоҳи мамлакат бояд то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва дар таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстона гузорад».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






