Дар шаҳри Турсунзода 29 ҳолати вайронкунии қонуни танзим дар тӯю маъракаҳо ошкор гардид

Декабрь 15, 2024 12:00

ТУРСУНЗОДА, 15.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода то имрӯз   аз ҷониби аъзои комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ барои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  2297 маротиба  санҷиши муштарак гузаронида шуд. Дар натиҷа вобаста ба риоя нагардидани талаботи  ин қонун 29 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардида, барои тадбирандешӣ ба Суди шаҳри Турсунзода  пешниҳод карда шуд.  Шумораи қонунвайронкуниҳо  нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  16 адад зиёд мебошад. Дар ин хусус мудири бахши танзими ҷашну маросими шаҳри Турсунзода Олимҷон Солеҳзода  ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Ҳолатҳои вайронкунии қонуни танзимро комиссияҳои доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода ва кормандони Прокуратураи шаҳр ошкор намудаанд. Барои ин қонуншиканиҳо  шаҳрвандоне, ки баъди адои ҳаҷи умра  чорво забҳ карда, ба мардум хӯроку ҳадя додаанд, ҷарима карда шуданд.

Дар шаҳри Турсунзода  то имрӯз 4183 маърака сабт шудааст, ки аз ин 3898 адад тӯйи домодию арӯсӣ, 144 адад маросими чил ва 141 адад маросими сол  мебошанд.  Комиссияҳои доимамалкунандаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Турсунзода зимни санҷишҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, то имрӯз дар зиёда аз 700 тӯю маърака пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро гирифтанд.

Дар шаҳри Турсунзода  гурӯҳҳои кории тарғиботӣ ташкил шудаанд, ки барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мунтазам фаъолият мебаранд. Онҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр 228 маротиба мулоқоту суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ  ва 8 маротиба машварати омӯзишӣ гузарониданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд