Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳо вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули худшиносии ҷавонон дар ҷомеа дар партави асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тавсеаи доираи фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва дигар масъалаҳо 28 ноябр дар ҷаласаи навбатии сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули тафаккури ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим дошта, метавонанд аз мағзшӯйӣ, бегонапарастӣ ва фиребкории равонӣ аз ҷониби душманони миллат ҳушдор диҳанд. Аз ҷумла, баргузории ҷаласа ҷавононро водор мекунад, ки аз мактаби бузурги ватандӯстии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар шаванд, ба хурофотпарастӣ дода нашаванд ва дар ободию шукуфоии ватанамон саҳм гузоранд.
Таъкид шуд, ки мазмуну муҳтавои асарҳои Пешвои миллат дурнамое аст, ки роҳи ояндаи давлат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, ба тақвияти ватанпарастию давлатдорӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда равона гардидааст.
Асари «Забони миллат-ҳастии миллат» аз он дарак медиҳад, ки зинда мондани забони тоҷикӣ дар замони истилои араб ва ҳазорсолаи ҳукмронии бегонагон ҳамчун мавзуъ ва ҳадафи илмӣ муайян шудааст. Дар «Чеҳраҳои мондагор» ва дигар асарҳои таърихии Сарвари давлат бузургтарин шахсиятҳои миллӣ бо таҳлил ва арзёбии хизматҳои онҳо барои миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон қадршиносӣ карда шудаанд.
Асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Дин ва ҷомеа» ва «Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ» ҷавононро ҳушдор медиҳанд, ки ба хатарҳои фаромӯшӣ ва таъсири фарҳангҳои бегона дода нашаванд ва таърих бояд ҳамчун такягоҳ барои худшиносӣ ва худогоҳӣ истифода шавад.
Пешниҳод гардид, ки ҳама асарҳои Сарвари давлат дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷамоат ва деҳаҳо дар гӯшаи алоҳида ҷамъоварӣ шаванд. Ҳамзамон дар сомонаи алоҳидаи электронӣ ҷойгир ва дар шакли аудиоӣ сабт карда шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карда шаванд, то ба ҷавонон ва аҳолӣ бо истифода аз воситаҳои иртиботию иттилоотӣ дастрас гарданд.
АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






