Дар Ширкати ватании «Як таксӣ» иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъмин карда мешавад

Декабрь 31, 2024 13:38

ДУШАНБЕ, 31.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» роҳнамои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои тамоми мардуми мамлакат, аз ҷумла соҳибкорони ватанӣ ва бахши хусусӣ ба шумор меравад. Аз ин хотир Ширкати ватании «Як таксӣ» ҳамчун аъзои фаъоли бахши хусусии Тоҷикистон бо ҳамовозии самимӣ аз ин Паём ҷонибдорӣ менамояд ва ҳадафҳои дар он муайяншударо ҳамчун манбаи илҳоми нави фаъолият қабул мекунад.

Тавре Директори ширкати «Як таксӣ» (1111) Исматулло Ҳакимов иброз намуд, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба рушди иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, рақамикунонии бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ин нуктаҳо барои ширкати «Як такси» ки дар рушди хизматрасонии муосир ва дастрасии осони нақлиётӣ ба аҳолӣ саҳм мегузорад, аҳамияти бузург доранд.

Ба таъкиди номбурда, фаъолияти ширкати «Як такси» дар самти рақамикунонӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии давлат ба роҳ монда шудааст. «Чунонки Пешвои миллат таъкид намуданд, истифодаи технологияҳои замонавӣ дар идоракунии захираҳо ва хизматрасонӣ на танҳо сифати зиндагии мардумро баланд мебардорад, балки ба рушди устувори иқтисодӣ мусоидат мекунад», иброз дошт ӯ.

Изҳор гардид, ки Ширкати «Як таксӣ» тасмим гирифтааст, ки соли 2025 фаъолияти худро боз ҳам густариш диҳад, хизматрасонии худро дастрас ва шаффоф гардонад ва дар рушди устувори соҳаи нақлиёти шаҳрӣ саҳми арзанда гузорад. «Ҳамчунин мо омодаем, ки дар амалӣ намудани ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба ташкили ҷойи нави кор, дастгирии ҷавонон ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи хизматрасонии нақлиётӣ саҳм гузорем»,- гуфт директори ширкат.

Бо чунин руҳияи баланди масъулиятшиносӣ ва эътимод ба ояндаи нек ширкати ватании «Як таксӣ» ҳамовозии худро ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2024 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ИЛМУ МАОРИФ — ПОЯИ ОЯНДАИ ДАВЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон