Дар вилоятҳои Суғд ва Бадахшон неругоҳҳои барқи офтобӣ ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон неругоҳҳои барқи офтобӣ ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия бунёд мегарданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 9 декабр байни Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Институти Корея оид ба рушди технология Протоколи музокирот вобаста ба «Сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ба имзо расонида шуд.
Ҳадаф аз имзои ин ҳуҷҷат беҳтар намудани таъминоти сокинони вилояти Суғд ва Бадахшон бо қувваи барқ арзёбӣ мегардад.
Тибқи протокол, бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 6 МВт ва 1 МВт-соат дастгоҳҳои захиракунандаи энергия ба нақша гирифта шудааст. Зимнан, бунёди неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 3 МВт бо дастгоҳҳои захиракунандаи энергия бо иқтидори 0,5 МВт-соат дар ҳудуди вилояти Суғд ва бунёди неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 3 МВт бо дастгоҳҳои захиракунандаи энергия бо иқтидори 0,5 МВт-соат дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назар аст.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






