Дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис меёбад

Декабрь 28, 2024 13:21

ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияхои рақамӣ таъсис дода шавад.

Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони ин самтро дода, илова бар ин, дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.

Сарвари давлат ба Вазорати маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута супориш доданд, ки дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Декабрь 28, 2024 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад