Доир ба ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ конференсия баргузор шуд

Декабрь 15, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 15.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ дар шароити таҳдидҳои замони муосир» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин академия.

Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи академия Карамалишо  Карамалишоев иброз намуд, ки ҳифзи арзишҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои муҳим барои таъмини истиқлоли давлатӣ, суботи иҷтимоии ҷомеа ва рушду равнақи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Арзишҳои миллии ҷумҳурӣ, ки бар асоси таърих, фарҳанг ва расму оинҳои мардум бунёд шудаанд, дар рушди ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Маҳз ҳифзи ин арзишҳо дар замони муосир барои рушди устувори Тоҷикистон ва тақвияти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ муҳим мебошад.

Дар конференсия меҳмонони чорабинӣ дар мавзуъҳои «Нақши Конститутсия дар таҳким ва рушди давлатдории Тоҷикистон», «Ҳадафҳои нави геополитика ва воситаҳои нави таъмини амнияти Тоҷикистон», «Саҳми Садриддин Айнӣ дар ҳимояи арзишҳои миллӣ», «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди «Дипломатияи об» – и Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ» маъруза намуданд. Таъкид шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии мамлакат заминаҳои ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ дар шароити таҳдидҳои замони муосир ташаккул ёфтанд.

Иштирокчиён доир ба масъалаҳои муҳими давлатдории миллӣ андешаронӣ намуда, пешниҳоду таклифҳояшонро барои рафъи мушкилоти соҳа баён намуданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 15, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад