Доир ба мақоми Мавлонои Балхӣ дар фарҳангу адаби миллию умумибашарӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Декабрь 14, 2024 17:30

БОХТАР, 14.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар Донишгоҳи  давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Мақоми Мавлонои Балхӣ дар фарҳангу адаби миллию умумибашарӣ» конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ иттилоъ доданд. 

Дар конференсияи байналмилалӣ олимону муҳаққиқон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва мавлоношиносони хориҷӣ аз Туркия, Эрон ва Британияи Кабир ба таври маҷозӣ маъруза намуданд.

Иброз гардид, ки бемуҳобо, Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ аз абармардони фарҳанги бостони мо ва ҳамтабори сазовори нобиғагони шеъри баланди тоҷик буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари адабиёти деринасоли мардумамон, дар радифи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва Иқболи Лоҳурӣ шуҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.

Зимни конференсия аз ҷониби мавлоношиносони мамлакат  маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Декабрь 14, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад