Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
ДУШАНБЕ, 17.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-14 декабр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии «Меъмор-2024» баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи техникӣ хабар медиҳад, дар озмун ҳафт донишҷӯи факултети сохтмон ва меъморӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн донишҷӯён Давлатниёз Меҳмонов ҷойи якум, Фароз Дилшодов ҷойи дуюм, Гулсун Бердиева ҷойи сеюм ва Ҳоҷиқурбон Маҳмадҷонзода соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардид.
Дар номинатсияи асари меъморӣ донишҷӯён Самира Қодирова соҳиби ҷойи якум, Саидбек Изатзода ҷойи дуюм ва Масрур Зулфонзода соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Инчунин барои иштироки фаъолона устодони факултети сохтмон ва меъморӣ аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмон бо Сипоснома сарфароз гардиданд.
Мақсади Намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ муайян кардани лоиҳаҳои беҳтарини меъморӣ байни меъморон, лоиҳакашон ва ҳайатҳои муаллифии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии дастовардҳои лоиҳакашии муосир ва мустаҳкам намудани аҳамияти иҷтимоии ихтисосҳои меъморӣ ба шумор меравад.
Дар озмун пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва донишҷӯён лоиҳаҳояшонро ба намоиш гузоштанд.
Дар маҷмуъ 278 лоиҳа аз рӯи номинатсияҳои биноҳо ва маҷмааҳои истиқоматии бисёрошёна, иншооти иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ, бино ва иншооти истеҳсолӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн ва асари меъмории донишҷӯён пешниҳод гардид.
АКС: Донишгоҳи техниии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






