Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд

Декабрь 18, 2024 14:28

ЁВОН, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар 11 моҳи соли равон дар ноҳияи Ёвон 2255 маърака сабт шудааст, ки инҳо 2023 тӯйи домодию арӯсӣ, 122 маросими чил ва 110 маросими сол мебошанд. Комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ёвон зимни бурдани санҷиш корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, пеши роҳи вайронкунии қонуни танзимро дар тӯю маъракаҳои зиёде гирифтанд. Дар ин хусус мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросими ноҳияи Ёвон Рустам Шарифзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Дар ноҳияи Ёвон назорати комиссияҳои доимӣ вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурзӯр карда шудааст. Дар натиҷаи санҷиши доимии маъракаҳо сокинони Ҷамоати деҳоти Норини ноҳия Азимқул Ниязов ва Эгамбердӣ Хуҷамуродов барои дар тӯйи домодию арӯсӣ риоя накардани талаботи моддаҳои 12, қисми 3 ва 16, қисми 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи суди ноҳия ба маблағи 15 ҳазору 840 сомонигӣ ҷарима карда шуданд.

Тибқи иттилои Рустам Шарифзода, дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби аъзои комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пайваста санҷишҳои муштарак гузаронида мешаванд. Дар натиҷа вобаста ба риоя нагардидани талабот 13 ҳолати вайронкунии қонуни танзим ошкор гардида, барои андешидани тадбир ба Суди ноҳияи Ёвон пешниҳод карда шуд. Аз тарафи Суди ноҳияи Ёвон вайронкунандагони қонуни танзим ба маблағи умумии 98 ҳазору 80 сомонӣ ҷарима гардида, маблағ пурра пардохт карда шуд.

Ҳолатҳои вайронкунии қонуни танзимро комиссияҳои доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ва кормандони прокуратураи ноҳия ошкор намудаанд.

Дар ноҳияи Ёвон гурӯҳҳои кории тарғиботӣ ташкил гардидаанд, ки мунтазам барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқоту суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ ва машваратҳои омӯзишӣ мегузаронанд. Ҳамчунин гурӯҳҳои корӣ бо усули «хона ба хона» ба шаҳрвандони ноҳия моҳияти қонунҳои миллиро мефаҳмонанд

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2024 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад