ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон бо ҳамсолон аз Арабистони Саудӣ бозии дӯстона анҷом медиҳад

Декабрь 11, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  мунтахаби духтаронаи то 17-солаи  Тоҷикистон  оид ба футбол  дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026  дар шаҳри  Ҷидда  ба  ҷамъомади таълимию тамринӣ фаро гирифта шуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сармураббии дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон Фарҳодҷон Холбеков  22  бозингарро ба ин ҷамъомад даъват кардааст.

Хотиррасон мешавем, ки  13 ва 18 декабри соли 2024  дастаи мунтахаби  духтаронаи то 17-солаи  Тоҷикистон   дар шаҳри  Ҷидда бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби духтаронаи то 17-сола аз 9 то 17 октябри соли оянда баргузор мешавад. Ҳарифони дастаи  мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон  дертар маълум мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 11, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод