ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон бо ҳамсолон аз Арабистони Саудӣ бозии дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 11.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар шаҳри Ҷидда ба ҷамъомади таълимию тамринӣ фаро гирифта шуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сармураббии дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон Фарҳодҷон Холбеков 22 бозингарро ба ин ҷамъомад даъват кардааст.
Хотиррасон мешавем, ки 13 ва 18 декабри соли 2024 дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Ҷидда бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои мунтахаби духтаронаи то 17-сола аз 9 то 17 октябри соли оянда баргузор мешавад. Ҳарифони дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон дертар маълум мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд






