Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд

Декабрь 22, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 22.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор ва пешгирӣ намудани беш аз 560 ҳазор дона маводи тарфгарӣ дар вилояти Суғд дар се ҳолат иттилоъ медиҳад.

Ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳруии Тоҷикистон хабар  доданд, ки ин миқдор маводи тарфгарӣ дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавӣ дар вилояти Суғд ошкору пешгирӣ гардид.

Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар ҳудуди мавзеи Галамайдони ноҳияи Б.Ғафуров воситаи нақлиёти сабукрави тамғаи «Мерседес Бенс-250» таҳти идораи ронанда – шаҳрванд У.В., истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент боздошт гардид. Зимни азназаргузаронӣ муайян гардид, ки дар дохили нақлиёт дар як қуттӣ маводи тарфгарии навъи «Трения», истеҳсоли Чин мавҷуд аст. Миқдори маводи тарфгарӣ дар 48 баста- дар дохили ҳар як баста 10 адад қуттича ва дар ҳар яки он 45 ғилофак – капсула ҷойгир ва ҷамъ ба миқдори 21 ҳазору 600 адад маводи тарфгарии «Трения» дарёфт гардид.

Инчунин зимни амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Бӯстон дар 4 қуттӣ маҳсулоти тарфгарӣ ошкор шуд. Дар ҷараёни санҷиш ошкор гардид, ки маводи тарфгарӣ ба шаҳрванд Ф.Ҷ., сокини шаҳри Панҷакент тааллуқ дорад.

Зимни санҷиши кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ ошкор карда шуд, ки дар 4 қуттӣ 175 баста ва 78 ҳазору 150 дона маводи таркандаи пиротехникӣ мавҷуд аст.

Дар ҳолати сеюм вориду интиқоли ғайриқонунии маводи пиротехникӣ ба миқдори боз ҳам бештар боздошт гардид. Сокини шаҳри Хуҷанд М.Б. дар  асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон бо номи Бек даст ба ҷинояти муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ задааст.  Шахси номбурда бо мақсади харидории маводи тарфгарӣ дар минтақаи наздисарҳадии ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад, бо шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон шинос шуда, оид ба харидорӣ намудани маводи тарфгарӣ дар 20 қуттии калонҳаҷм ва ворид намудани онҳо бо истифода аз роҳҳои ғайрирасмии наздисарҳадӣ байни Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деҳаи Арқаи Ҷумҳурии Қирғизистон маслиҳати пешакӣ менамоянд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар роҳи автомобилгарди ноҳияи Б.Ғафуров воситаи нақлиёти Мерсадес Спринтер, таҳти идораи ронанда шаҳрванд М.Б. боздошт гардида, аз дохили бордони нақлиёт дар 20 қуттӣ ба миқдори умумии 441 ҳазору 600 дона маводи тарфгарии намуди «Трения» ва «Иргина»-и истеҳсоли Қирғизистон ва Чин ошкор карда шуд.

Дар асоси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Х.С., Ф.Ҷ., М.Б. ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шудааст.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 22, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд