ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
ДУШАНБЕ, 20.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои бузург дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Қабули ин санади тақдирсоз асосҳои ҳуқуқии низоми давлатдорӣ, дурнамои инкишофу пешрафти Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ба эътибор гирифтани беҳтарин арзишҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, таҷрибаи пешрафтаи давлатҳои мутамаддини дунё, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии низоми ҳуқуқии давлатҳои пешрафта, таҷрибаи давлатдорӣ ва суннату анъанаҳои таърихии миллии тоҷик таҳия ва қабул карда шудааст.
Мувофиқи муқаррароти қисми 1-и моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд. Ҳамзамон дар қисми 2-и ҳамин модда омадааст, ки ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ба шумор меравад.
Тибқи қисми якуми моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Мувофиқи талаботи қисми дуюми ин модда шаҳрванд аз синни 18-солагӣ ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ ва интихоб намудану интихоб шуданро соҳиб мегардад.
Бояд гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон иштироки шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ кафолат дода, вобаста ба самти амалишавии ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон оид ба интихоб намудан ва интихоб шудан дар қиёс ба қонунгузории даврони Шуравӣ ва солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ тағйироти ҷиддӣ ба вуқуъ пайвастанд.
Аз ин рӯ, дар ин ҷо чанд нуктаро дар мавриди моҳият ва аҳамияти падидаи интихобот ҳамчун раванди сиёсӣ ва омили рушди ҷомеаи демократӣ зарур мешуморем.
Дар замони муосир интихобот аз унсурҳои ҷудонопазири ҳаёти сиёсию ҷамъиятии мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад. Мавзуи интихобот ва паҳлуҳои мухталифи он мавриди омӯзишу таҳлил ва таҳқиқу пажуҳиши амиқи доираи муайяни олимон, мутафаккирону сиёсатмадорон қарор гирифтааст. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин масъала аз назари олимони соҳаи ҳуқуқ, сиёсатшиносону давлатшиносон дур намондааст. Дар ҳақиқат интихобот рушду такомули махсуси худро давоми таърихи башар сипарӣ намуда, имрӯз ба ниҳоди эътирофшудаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Бояд гуфт, ки интихобот ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои муайян ташкил ва гузаронида мешавад.
Дар ин замина вазифаи асосӣ ва муҳимтарини интихобот бо роҳи қонунӣ ташкил ва амалигардонии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Бо роҳи гузаронидани интихобот мардум намояндагони худро барои иҷрои вазифа ва мансабҳои муайяни давлатӣ интихоб менамоянд. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, дар замони муосир халқ ба воситаи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ мақсаду мароми худро амалӣ намуда, ба ин восита дар идоракунии давлат иштирок менамояд.
Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон дар санадҳои муҳими байналмилалӣ низ дарҷ гардида, давлатҳои эътирофкардаи санадҳои мазкур вазифадор мебошанд, ки барои таъмини ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон тамоми тадбирҳои дахлдорро андешида, бобати амалишавии онҳо шароити мусоид фароҳам оранд. Хусусан дар банди 3-и моддаи 21-и Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар муқаррар шудааст, ки «иродаи мардум бояд асоси ҳокимияти давлат бошад, иродаи мардум бояд дар интихоботи даврӣ дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ ва баробар бо овоздиҳии пинҳонӣ озод ифода ёбад».
Дар ин замина дар моддаи 25-и Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудааст, ки «ҳар шаҳрванд бе ҳар гуна табъиз ва бе маҳдудияти беасос бояд ҳуқуқи имконияти зеринро дошта бошад: а) дар идораи корҳои давлатӣ мустақиман ва аз тариқи намояндагоне, ки озодона интихоб мешаванд, иштирок намояд; б) дар интихоботи воқеан даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида мешавад ва изҳори озодонаи иродаи интихобкунандагонро таъмин мекунад, овоз диҳад ва интихоб шавад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин санадҳои байналмилалиро этироф намуда, қонунгузории интихоботии худро дар заминаи онҳо такмил дода ба талаботи имрӯзаи давлатҳои демократӣ мутобиқ намудааст. Аз ин ҷиҳат аксарият конститутсияҳои давлатҳои муосири ҷаҳон ин андешаҳоро дар меъёрҳои худ сабт намуда, интихоботро ҳамчун василаи боэътимоди қонунӣ гардонидани ҳокимияти давлатӣ эътироф намудаанд. Аз ин рӯ, бояд хотирнишон сохт, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ба арзишҳои демократии байналмиллалӣ ва меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳонӣ пурра мувофиқ мебошад. Интихобот имкон фароҳам меоварад, ки шаҳрвандон бо назардошти манфиатҳои худ ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии гуногунро таъсис дода, ба ин васила дар кори идоракунии давлатӣ ва пешбурди ҳаёти сиёсӣ фаъолона иштирок намоянд. Интихобот ифодакунандаи нақшу мавқеи ҳизбу иттиҳодияҳои шаҳрвандон буда, иродаю афкори интихобкунандагон ва тамоюли рушду такомули сиёсии ҷомеа, вазифаи мизони ҳаёти сиёсиро иҷро мекунад. Ба сохти идораи давлати демократӣ интихоботи озодона хос аст ва он моҳияти демократии давлатро ифода менамояд. Барои ба моҳияти демократӣ мувофиқ намудани интихобот давлат бояд заминаҳои демократии ташкили ҳокимияти давлатӣ ва халқиро муҳайё созад. Маҳз тавассути интихобот шаҳрвандон имкон пайдо менамоянд, ки беҳтарин намояндагони худро барои иҷрои ормону иродаи худ ба вазифаи масъул интихоб намоянд. Интихобот имкон медиҳад, ки шаҳрвандон тавассути интихоботи бевосита ва ё бавосита орзуву мақсадҳои худро дар самти идоракунии давлатӣ амалӣ намоянд.
Бо мақсади таҳким ва такмили низоми интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳои конститутсионӣ таҳия ва қабул карда шуданд, ки бевосита дар онҳо масоили асосии ташкил ва гузаронидани раъйпурсӣ ва интихобот муқаррар карда шудаанд. Аз ҷумла, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.1994, «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10.12.1999, «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз 10.12.1999, «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.11.1995 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз 05.08.2009 қабул ва мавриди иҷро қарор дода шуданд. Қабули доираи васеи қонунҳо ва дохил намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба онҳо дар мавриди танзими ҳуқуқии интихобот нишони он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалишавии ин падидаи демократӣ ва ҳамзамон таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон заминаи ҳуқуқӣ пурра фароҳам оварда шудааст. Зимнан бояд гуфт, ки бо назардошти ба вуқуъ пайвастани тағйироти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба ин қонунҳо тағйироти дахлдор ворид карда шуда, онҳо такмил дода шуданд. Дар ин қонунҳо кафолати амалишавии ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба интихобот мустаҳкам гардидааст. Аз ҷумла, дар заминаи ҳамин қонунҳо шаҳрвандон имкон доранд, ки дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ дар интихобот иштирок намоянд. Қонунҳои қабулшуда пурра ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмиллалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва стандартҳои давлатҳои демократӣ ва ҳуқуқбунёд пурра ҷавобгӯ мебошанд.
Бояд гуфт, ки низоми интихобот сифату нишондиҳандаи муҳимтарини таҷассуми демократия, зуҳуроти демократия ва воситаи татбиқи демократия мебошад. Тартиби ташкил ва гузаронидани интихобот, усулҳои асосии он бояд дар заминаи устувори демократӣ, ошкоро ва озод амалӣ шуда, иштироки шаҳрвандонро дар интихобот пурра таъмин намояд.
Ташкил ва гузаронидани интихобот яке аз роҳҳои ба ҳаёти сиёсӣ, ба идораи давлат ва ҷомеа, ба худидоракунии маҳаллӣ ҷалб кардани шумораи зиёди шаҳрвандон мебошад. Онҳо дар интихобот на фақат овоздиҳанда, балки ташкилкунандаи маъракаи интихобот низ ҳастанд. Шаҳрвандон хоҳ ба сифати интихобкунанда, хоҳ аъзои комиссияҳои интихобот имконияти иштироки фаъолона дар интихоботро доранд. Маъракаи интихобот ягона чорабинии сиёсие аст, ки дар он ҳама қишрҳои ҷомеа, аҳолии маҳалҳо ва тамоми мамлакат ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд.
Маҳз дар маъракаи интихоботи умумӣ шакли ҳуқуқӣ гирифтани ташкил ва фаъолияти мақомоти интихобии давлатӣ далели сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ мебошад. Раванди интихобот шакли муҳимтарини демократияи бевосита буда, дар он ҳокимиятдории халқ ҳарчи бештар зоҳир мегардад.
Низоми интихобот ва заминаю усулҳои он, мувофиқи талаботи қонунҳо дуруст ва беғараз ташкил кардану ҷамъбасти он намунаи равшани ҳар реҷаи сиёсӣ ва демократия аст.
Тибқи ин омил, аз рӯйи то кадом дараҷа кушод ва дар асоси ошкорбаёнӣ, шаффоф ва алтернативӣ озодона баргузор гаштани интихобот ба низоми демократии мамлакат баҳо дода мешавад. Аз ин рӯ, дар асоси хулосаҳои зерин интихобот ҳамчун ҷараёни сиёсӣ ва унсури асосии демократияи дохили давлат шакл гирифта, мазмун пайдо менамояд:
-низоми интихобот қисми таркибии демократия, беҳтарин нишондиҳандаи воқеӣ ва ҳақиқии давлатҳои демократӣ ба ҳисоб меравад;
-интихобот ва раъйпурсӣ шаклу усули изҳори иродаи халқ аст;
-интихоботи ошкору озод воситаи асосии амалӣ шудани соҳибихтиёрӣ ва худмуайянкунии халқ аст;
-интихобот усули ҳуқуқии ташкили ҳокимияти давлатӣ бо иштироки шаҳрвандон мебошад;
-интихобот воситаи амалишавии ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон мебошад;
-интихобот тарозуи танзимкунандаи асосҳои сиёсии ҷамъият ва фарҳанги чандандешии сиёсӣ мебошад.
Вобаста ба ин низоми интихоботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ки мароми умумии мардуми ҷумҳурӣ аст, мусоидат менамояд.
Иштирок дар интихобот ҳуқуқи ҳар шаҳрванд буда, он дар асоси принсипҳои ҳуқуқи баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ амалӣ карда мешавад. Таҳлилҳои натиҷаҳои интихоботи баргузоргардида аз соли 1994 то ба инҷониб аз тамоюли рӯ ба болоравӣ овардани иштироки фаъолонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ дарак медиҳад.
Ин ҳолат нишони он аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ ва низоми идоракунии давлат аз боби масъулиятшиносӣ ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат кор гирифта, муҳим будани райъи худро барои таъмини пешрафт ва дурнамои дурахшони Ватани маҳбубамон беш аз беш дарк намудаанд. Пас ҷойи ифтихор аст, ки фарҳанги ҳуқуқии интихобкунандагон сол аз сол боло меравад.
Кафолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар бораи интихобот ба амалишавии воқеии ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар интихобот ва ҳамчунин доир гардидани ин маъракаи сиёсӣ дар фазои озоду шаффоф мусоидат намудаанд.
Шодмонбек ЮСУФБЕК,
аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»