ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ҲАЛҚ-2025. Дар Тоҷикистон панҷ ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ ва дар 28 давлати ҷаҳон 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд

Декабрь 27, 2024 18:18

ДУШАНБЕ, 27.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) дар ҳудуди мамлакат панҷ ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ таъсис дода шуд. Ҳамчунин бо мақсади таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, дар назди сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва намояндагии Тоҷикистон дар 28 давлати ҷаҳон 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси ин Комиссия Бахтиёр Худоёрзода доир гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа нахуст масъалаи ташкили ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Ҳамчунин бо мақсади ташкили ҳамкории судманди мақомоти милитсия ва комиссияҳои интихоботӣ дар раванди интихобот Роҳнамо барои кормандони милитсия қабул карда шуд.

Барои танзими фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ, ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихобот ба ҷумҳурӣ меоянд ва таъмини шароити мусоиди фаъолият барои онҳо гурӯҳи кории Комиссияи марказӣ таъсис дода шуд, ки ба он намояндагони як зумра вазорату идораҳо шомил гаштанд.

Дар ҷаласа аъзои Комиссияи марказӣ инчунин масъалаҳои дигари ташкилиро баррасӣ ва муҳокима намуда, оид ба ҳар яки онҳо қарори дахлдор қабул намуданд.

Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 27, 2024 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд