ҲИЗБЕ, КИ ОРМОНҲОИ МАРДУМРО АМАЛӢ МЕНАМОЯД. Бардошт аз ҳамоиш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Декабрь 17, 2024 10:52

ДУШАНБЕ, 17.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи тафаккури Пешвои миллат буда, бо назардошти афкору андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа таъсис ёфтааст. Он тавонист дар марҳилаи хеле кӯтоҳи таърихӣ ҳамчун ҳизби меҳварӣ орзую ормонҳои мардумро таҷассум кунад ва ба ҳизби умумимиллӣ табдил ёбад. Дар ин хусус муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Ашурбой Солеҳзода зимни ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори назар намуд.

Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ииттилоъ доданд, дар ҷамъомади тантанавӣ иброз гардид, ки ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба рушди Тоҷикистон ва осудаҳолии мардум равона гардидаанд. Ин  барои ҳар яки мо аз манфиат холӣ нест, зеро ватандӯстию зиракии сиёсии моро боло бардошта, муҳаббату садоқатамонро ба ҳизб ва Роҳбари он – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар маҷмуъ ба Тоҷикистон боз ҳам бештар менамояд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода иброз дошт, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар байни дигар ҳизбҳои сиёсии мамлакат мақому манзалат ва ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро дар ҳама дастовардҳои Тоҷикистон дар самту бахшҳои гуногун ва муҳими давлатдорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлол ва тафаккури созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раис ва муассиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, нақши муассир ва мондагор дорад».

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 17, 2024 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид