«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ». Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ маҷмуаи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 15.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар шаҳри Бохтар бо ибтикори идораи рӯзномаи «Хатлон» таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ» маҷмуаи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ ба чоп расид. Маҷмуа аз 60 мақола иборат мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар идораи рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, маҷмуа аз гулчини мақолаҳое мураттаб шудааст, ки дар доираи озмуни муштараки идораи рӯзномаи «Хатлон» ва Суди вилояти Хатлон — «Маърифати ҳуқуқӣ» ба нашр расидаанд.
Озмуни эҷодии «Маърифати ҳуқуқӣ» давоми соли 2024 дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28 декабри соли 2023 ва татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023 ба ифтихори сисолагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, инъикоси 30-солагии қабули Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” гузаронида шуд.
Мураттибони маҷмуа ҳадафи интишори онро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон арзёбӣ намуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки мутолиаи ин маҷмуа, ки дар доираи Соли маърифати ҳуқуқӣ таҳия ва манзури хонанда шудааст, ҷомеаи моро боз ҳам пешрафта ва адолатпарвар менамояд. Зеро талаботи асосии Соли маърифати ҳуқуқӣ аз рӯйи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият ва зиндагӣ намудан аст.
АКС: Рӯзномаи «Хатлон»








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






