Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид

Декабрь 27, 2024 15:26

ДУШАНБЕ, 27.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси илмию амалии байналмилалӣ, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки конфронси байналмилалӣ дар доираи амалисозии Нақшаи чорабиниҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода вобаста ба муҳиммияти конфронс ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки конфронс на танҳо платформа барои муҳокима ва таҳқиқи амиқи мероси бузурги ин абармардони илму фарҳанг аст, балки фурсати нодир барои муттаҳид кардани олимон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногун аз давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Мероси илмии халқи тоҷик, ки тавассути бузургони илму фарҳанг ба ҷаҳониён муаррифӣ шудааст, барои башарият манбаи илҳом ва роҳнамоӣ аст. Дар радифи ин се нобиғаи беҳамто – Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ҳамчун сутунҳои устувори илми риёзӣ ва фалсафа дар таърихи инсоният нақши бузург доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо, суханрониҳо ва китобҳояшон ба масъалаҳои илму фарҳанг ва саҳми бузурги донишмандони барҷастаи тоҷик, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Пешвои миллат зарурати омӯзиши осори ин донишмандонро барои дарёфти роҳҳои ҳалли масоили иқтисодии имрӯза, аз ҷумла идоракунии захираҳои табиӣ, рушди илм ва истеҳсолот, таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист борҳо таъкид намудаанд. Мероси илмии ин олимон метавонад ба рушди сиёсати иқтисодии кишварҳо, хусусан дар доираи принсипҳои одилонаи истифодаи захираҳ, кумак расонад.

Осори Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём назари васеъ ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии давронро дар бар мегиранд. Ин се шахсият бо мулоҳизаҳои амиқи худ дар соҳаҳои илм, фалсафа ва иҷтимоиёт тавонистанд андешаҳои тозаеро дар бораи пешрафти ҷомеа ва иқтисод пешниҳод кунанд.


Ҳамасола бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» силсилаконфронсҳои байналмиллаӣ гузаронида мешаванд.

Аз ҷониби дигар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсафи таълимӣ ва илмӣ ҳамеша барои пешбурди илм, таҳқиқот ва рушди ҳамкории байналмилалӣ талош менамояд. Баргузории конфронси байналмилалӣ ба густариши омӯзиши мероси илмии гузаштагон ва татбиқи он дар шароити кунунӣ мусоидат мусоидат менамояд.

Дар конфронси байналмилалӣ олимону донишмандони шинохтаи тоҷик доир ба мавзуи баррасишаванда ва осори гаронарзиши се нобиғаи ҷаҳонӣ- Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём сухан намуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Декабрь 27, 2024 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад