«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷон ба раҳи Ватан нисор мо накунем, кӣ мекунад?» аксияи зимистона доир намуд. Дар доираи он кормандону волонтёрон ба кормандони рӯзгордидаи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт, ки дар шабҳои сарди фасли зимистон ба тозаю поккории кӯчаю роҳравҳои шаҳр машғул мебошанд, кумак расониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Аз ҷумла, онҳо барои аз барф тоза намудани дарахтони сояафкану ороишии ҳудуди шаҳри Душанбе ҳашар ташкил намуданд. Ин амал бо мақсади зарар надидани дарахтон аз бориши зиёди барф, аз ҷумла аз пурборӣ нашикастани шохаҳои ниҳолҳои нав шинонида гузаронида шуд.
Инчунин волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ба роҳрӯбон кумак намуда, ба онҳо қаҳваи гарм ва шириниҳои гуногунро, ки аз ҷониби соҳибкорон пешниҳод шудаанд, тақдим намуданд.
Тавре муовини Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Ҳофиз Сангаков ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, тибқи маълумот, дар айни замон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳо ва ташкилоти он, инчунин ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» зиёда аз 15 000 нафар волонтёрон фаъолият намуда, ҳамарӯза дар пешрафти ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд.
«Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори мамлакат низоми хайрхоҳӣ бисёр фаъол гардида, ихтиёриён дар тамоми самтҳои ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Хусусан дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланд дар пойтахт саҳми назаррас доранд. Аз ин хотир ин низом зери таваҷҷуҳи хоссаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад», -иброз дошт ӯ.
Аз ҷумла, моҳи июни соли равон волонтёрон дар чорабинии сатҳи баланд — Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» саҳми назаррас гузоштанд. Инчунин онҳо моҳи август дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид, саҳми арзанда гузоштанд. Онҳо дар танзим намудани ин чорабиниҳои муҳим нақши арзанда гузоштанд. Ҳамзамон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи Шурои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кумак намуданд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар рӯзҳои мушкил дар паҳлуи халқу миллат ва давлат буда, волонтёрони он ҳамчун пайравони асили Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳо содиқона ва софдилона хизмат менамоянд. Аз ҷумла, волонтёрон дар давраи пандемия дар пешгирии Сovid-19 бо ташкили аксияҳои тарғиботӣ, флешмобҳои гуногун дар ҷумҳурӣ, таҳияи маводи тавсиявии видеоӣ ва намоиши барномаҳои гуногуни онлайнӣ саҳми назаррас гузошта буданд.
Инчунин дар назар аст, ки волонтёрони фаъол барои дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ — интихобот ҷалб гарданд.
Бояд гуфт, ки барои беҳтар намудани фаъолияти волонтёрӣ ҳанӯз соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» қабул гардид, ки асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии фаъолияти волонтёриро муайян менамояд. Ин қонун инчунин муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба амалишавии ин намуди фаъолият ба танзим медарорад.
Ҳамзамон барои фаъолияти онҳо «Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амалӣ мешавад, ки барои волонтёрон дар доираи мақсадҳои хайрхоҳона, кумакрасонӣ ва ҳамоҳангсозӣ ба ҳалли мушкилиҳои гуногун мусоидат менамояд.
Бояд иброз намуд, ки волонтёрӣ фаъолияте аст, ки ҳазорсолаҳо байни мардуми мо бо шаклҳои гуногун вуҷуд дошт. Падарону бобоёни мо ин навъи фаъолиятро бо мақсади ободу зебо гардонидани Ватан, густариши худшиносии миллӣ, дӯст доштани сарзамин ва дасти кумак расонидан ба шахсони ниёзманд пайваста истифода менамуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон