Муқовимат ба коррупсия омили рушди фардои босаодат аст

Декабрь 6, 2024 10:18

ДУШАНБЕ, 06.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр дар доираи чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионие, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандону донишҷӯён доир менамоянд, дар ин донишгоҳ машварати омӯзишӣ баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни машварат  гуфта шуд, ки коррупсия амали номатлуби ниҳоят хатарноки ҷомеа буда, дар пешрафти давлат хатари ҷиддӣ ба бор меорад. Имрӯз зарур аст, ки ҳар фарди ҷомеа дар пешгирии ин амали номатлуб саҳм гузорад.

Зимни ҳамоиш доир ба мавзуъҳои «Қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ» маъруза карда шуд. Нахуст мафҳуми коррупсия ва оқибатҳои номатлуби ин амал шарҳ дода шуда, баъдан дар бораи зарурати муборизаи дастҷамъона бо он, қабули санадҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ташкили ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва навъҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноие, ки хусусияти коррупсионӣ доранд, ба ҳозирин  маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид.

Донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ ба роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, даст назадан ба чунин кирдорҳои номатлуб ва амал кардан дар доираи қонун даъват шуданд.

Иброз гардид, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар раванди таълим технологияҳои рақамӣ ва инноватсионии таълимӣ амалӣ мегарданд.

Дар ин самт шабакаҳои иҷтимоии донишгоҳ фаъол буда, чорабиниҳои муқовимат бар зидди коррупсия ва нашри видеороликҳои тарғиботӣ пайваста инъикос мегарданд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2024 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад