Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои маорифи ноҳияи Спитамен шинос шуд

Декабрь 10, 2024 15:48

ДУШАНБЕ, 10.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни зимистонгузаронӣ дар якчанд муассисаи маорифи ноҳияи Спитамен шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар медиҳад.

Аз ҷумла, бо ҷараёни фаъолият ва зимистонгузаронӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, ҷараёни сохтмони китобхонаи ин деҳа, ва муассисаи томактабии №14 шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, ки шумораи онҳо ба 33 адад мерасад, зимистонгузаронӣ дар ҳолати хуб буда, тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар якчанд  мактаб ангишт захира карда шудааст. Инчунин дар муассисаҳои калонтарин таҷҳизоти зарурии гармидиҳӣ насб гардидаанд. Аз ҷумла, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 зиёда аз 24 тонна ангишт захира шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 32 780 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо зиёда аз 2 ҳазор омӯзгор таълим медиҳад.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Суғд

Декабрь 10, 2024 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд