Обид Ҷебов дар Мусобиқаи байналмилалии Tokyo Grand Slam 2024 соҳиби медали биринҷӣ шуд

Декабрь 9, 2024 14:37

ДУШАНБЕ, 09.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 7-8 декабр дар шаҳри Токио Мусобиқаи байналмилалии Tokyo Grand Slam 2024 оид ба гӯштини ҷудо баргузор гардид, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он чор паҳлавони шинохта- Обед Ҷебов, Абубакр Шеров, Умедҷон Раҷабов ва Виктория Киселёва иштирок намуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар рӯзи якуми мусобиқа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 паҳлавони ҷавон- Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг ва Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг рақобат карданд. Обид Ҷебов ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шуд.

Обид Ҷебов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм Маттиа Миселии итолиёвиро мағлуб намуд. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Обид Ҷебов бо Роналд Лимаи бразилӣ гӯштин гирифта, бо имтиёзи иппон пирӯз шуд. Дар даври нимниҳоӣ Обид Ҷебов аз Таикоҳ Фуҷисакаи ҷопонӣ мағлуб шуд ва барои медали биринҷӣ бо Оно Ҳинатаи ҷопонӣ рақобат кард. Дар рақобат барои медали биринҷӣ Обид Ҷебов бар намояндаи Ҷопон — Ҳината Онои 20-сола зафар ёфт. Ин аввалин медали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam 2024 аст. Барои Обид Ҷебов ин сеюмин медали биринҷӣ дар мусобиқаҳои Гранд Слам мебошад.

Ёдовар мешавем, ки паҳлавони дигари тоҷик Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг дар даври аввал Иоан Житак аз Руминия ва дар даври дуюм Мусо Шабданбекови қирғизро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин марҳила Абубакр Шеров бо намояндаи Ҷопон Соичи Ҳашимотои ботаҷриба ҳунарнамоӣ кард. Абубакр Шеров дар даври чаҳорякниҳоӣ тавонист, ки бар Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ зафар ёбад. Соичи Ҳашимотои 33-сола дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ, медали тиллои чемпионати ҷаҳон, чаҳор медали тиллои мусобиқаҳои «Мастерс» ва 6 медали тиллои мусобиқаҳои Гранд Слам мебошад.

Абубакр Шеров дар даври нимниҳоӣ аз Татсуки Ишиҳараи ҷопонӣ шикаст хӯрда, барои медали биринҷӣ бо Данил Лаврентев (IJF) қувваозмоӣ кард. Дар ин рақобат Абубакр Шеров бо имтиёзи иппон аз ҷудокори бетараф Данил Лаврентев шикаст хӯрда, мақоми панҷумро касб кард.

Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кг ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кг дар ин мусобиқаи сатҳи баланд иштирок намуда, дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.

АКС аз ТВ «Варзиш»

Декабрь 9, 2024 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд