Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин маводи назмию насрӣ вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ ва тарбияи фарзанд таҳти унвони «Тарбия аз оила сарчашма мегирад», ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, ҷамъбаст ва ғолибон муайян шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Тавре таъкид гардид, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста дар самти рушди оила, баланд бардоштани вазъи некӯаҳволии мардум, тарбияи дурусти кӯдакон ва ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳсипор кардани онҳо тадбирҳои судманду саривақтӣ амалӣ менамояд.
Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин маводи назмию насрӣ вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ ва тарбияи фарзанд таҳти унвони «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» тадбири муҳим ва иқдоми наҷиби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷомеаро бори дигар ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва тарбияи дурусти фарзанд ҳидоят менамояд.
Ҳадаф аз баргузор намудани озмун иҷрои босифати банди 4-и Нақшаи амал барои солҳои 2024-2026-и «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» бобати ҷалби мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, эҷодкорию суханварӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ, зебоипарастию меҳнатдӯстӣ, пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар анҷоми озмун ғолибону иштирокчиёни фаъол бо Диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






