Онлайн-қарзҳо, такси, доруворӣ аз рӯи дорухат: Super App-и маъруф боз ҳам муносибтар шуд
ДУШАНБЕ, 17.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Замимаи мобилии «МегаФон Life» доираи имконияти худро пайваста васеъ менамояд. Акнун истифодабарандагон имкон доранд, ки қарзҳои «Орзу»-ро ба таври онлайн дастрас кунанд, пардохтҳоеро, ки ба ронандагони такси барои корашон зарур ҳастанд, пардохт намоянд ва аксҳои дорухатро ба қисми «Дорухона» ворид намуда, маводи дорувориро ба хона фармоиш диҳанд. Бо ин доираи навгониҳои яке аз Super App-ҳои аз ҳама зиёд боргиришавандаи Тоҷикистон маҳдуд намешавад.
Хизматрасонии «Орзу» имкон медиҳад, ки қарзҳо ва маблағҳо барои хариди молҳо ба насия дар ҳаҷми то 100 000 сомонӣ дастрас карда шаванд. Ин хизматрасониро «МегаФон Тоҷикистон» якҷоя бо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» пешниҳод менамояд. Кофӣ аст, ки танҳо як маротиба қарзро ба расмият дароварда, барои орзуи худ маблағро бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба даст оред. Акнун барои барасмиятдарории «Орзу» омадан ба идораҳои Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» ҳатмӣ нест, дархостро метавон дар шакли электронӣ тариқи замимаи «МегаФон Life» ирсол намуд. Барои ин зарур аст, ки ба қисми «Ҳамён» ворид шуда, сервиси «Қарз»-ро пайдо кунед ва дар он тугмаи «Гузоштани дархост»-ро пахш карда, сатрҳои заруриро бо маълумоти шиносномаи худ пур намоед. Бо ҳамин амалҳои истифодабаранда ба поён мерасанд. Мутахассисони «Ҳумо» тамоми маълумотро баррасӣ менамоянд. Пас аз ин ҳуҷҷатҳоеро, ки барои нагузоштани дархостҳои нав имкон медиҳанд, қосид ба гиранда бурда мерасонад.
Хизматрасонии «Дорухона» низ, ки ба сокинони Душанбе дар «МегаФон Life» дастрас аст, нав карда шуд. Акнун барои фармоиши доруворӣ ба тариқи онлайн кофӣ аст, ки дорухатро вориди хизматрасонӣ намоед. Агар дар дорухат якчанд доруворӣ навишта шуда бошад, истифодабаранда имкон дорад, ки ба акси худ шарҳ гузошта, доруи зарурии худро иброз намояд.
Маълумот дар қисми «Интиқоли маблағ» пурра карда шуд. Акнун ҳангоми интиқоли маблағ ба давлати дигар истифодабаранда дар экрани смартфон курси конвертатсия, ҳаҷми комиссия ва маблағи ниҳоиро мебинад. Ҳамин тавр маълумот доир ба он ки маҳз чӣ миқдор маблағ аз ҳисоб гирифта хоҳад шуд, намоён мешавад. Интиқолҳо тавассути замимаи «МегаФон Life» ба зиёда аз 60 мамлакати ҷаҳон имконпазир мебошанд.
Намои берунии қисми «Кэшбекҳо» нав карда шуд. Дизайни он шакли замонавӣ гирифта, навигатсияи он низ муносибтар шуд. Имкони азназаргузаронии таърих ва рӯйхати ҷойҳое, ки дар онҳо истифодабаранда имкон дорад аз шарикони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» кэшбек ба даст орад, пайдо шуд. Дар замима аз ҷиҳати маблағу миқдори кэшбекҳо ягон маҳдудият ҷой надорад, онҳоро метавон ҳангоми анҷоми ҳар пардохт ба даст овард. Теъдоди зиёди шарикони хизматрасонӣ имкон медиҳанд, ки харидҳои муфид ҳарчи бештар анҷом дода шаванд.
Имконияти комилан нави замимаи «МегаФон Life» хизматрасонӣ барои ронандагони такси мебошад. Бо ёрии он ронандагони таксиро дигар зарур намеояд, ки назди терминалҳои дар кӯчаҳо насбшуда ҳозир шуда, ҳангоми анҷоми пардохтҳо вобаста ба фаъолияти касбиашон пули нақд истифода баранд. Барои онҳо кофӣ аст, ки танҳо вориди «Ҳамён» – «Пардохтҳо» шуда, ба қисми «Такси» гузашта, ширкати заруриро интихоб намоянд ва пардохтро ба воситаи тавозуни «Ҳамён» ё корти бақайдгирифта анҷом диҳанд.
«МегаФон Life» ҳар моҳ мувофиқтар мешавад. Замимаро боргирӣ карда, ба кор дароред ва масъалаҳои сершумори ҳаррӯзаи худро бо ёрии танҳо як Super App ҳал намоед!
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






