ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — САНАДИ МУҲИМИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТДОРӢ. Он ба сокинони ноҳияи Рӯдакӣ руҳу илҳоми тоза бахшид

Декабрь 28, 2024 14:40

РӮДАКӢ, 28.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар зиёда аз 300 ҷойи ҷамъиятӣ ва ташкилоту муассисаҳои гуногуни ноҳия пахши мустақими телевизионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» тамошо намуда, аз он руҳу илҳоми тоза гирифтанд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тамоми самтҳои асосии фаъолияти мамлакатро барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайра вазифаҳои мушаххас дода шуданд.

Директори Гимназияи тоҷикӣ-русӣ ба номи А.С. Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ Убайдулло Одинаев иброз намуд, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ барои мо, омӯзгорон ғамхориии беандоза зоҳир намуданд. Сарвари давлат дар баробари 30 фоиз баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон боз барои эҳтироми омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати муаллим дар ҷомеа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ин рӯ мо, омӯзгоронро зарур аст, ки дониши худро тавсеа дода, насли наврасро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва арҷ гузоштан ба илму дониш таълиму тарбия намоем».

Мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Олимов гуфт, ки «имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ фарҳанги миллиро омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таърих арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат иброз намуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили мамлакат ва дар арсаи байналмилалӣ иқдоми зиёд амалӣ мегарданд. Ҳифзи мероси фарҳанги моддию ғайримоддии миллати бостониамон, ки нишони зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо, ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад».

Бояд гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастурамали босамари фаъолияти давлат ва ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб мешавад. Он доираи фарохи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, самти ҳаракати давлатро барои солҳои оянда муайян менамояд.

Ҳамчунин имрӯз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди иқтисоди устувори мамлакат, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияю барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳо дода шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳадафи олии сиёсати давлати Тоҷикистон таҳияи зиндагии шоиста барои аҳолӣ мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба намояндагони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ тавзеҳ дода шуд
Роҳиоҳанчиёни мамлакат нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистонро иҷро менамоянд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст
Дар шаҳри Норак вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ИНКИШОФИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. Онҳо заминаи устувори моддӣ, техникӣ ва технологӣ барои таълим ва тарбияи кӯдакону наврасон мебошанд
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир ба шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
ПАЁМ-ҚУТБНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди устувор дарҷ шудаанд
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Он омили муҳим барои ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа аст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Дар раванди тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ истифодаи самараноки захираҳои Тоҷикистон нақши муассир дорад