Рамзи расмии Рӯзи ҷаҳонии футбол дар вохӯрии Гурӯҳи дӯстон муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти ҳамраисии Намояндагии доимии Тоҷикистон, Баҳрайн ва Либия нахустин вохӯрии Гурӯҳи дӯстони футбол баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.
Зимни чорабинӣ бо мақсади татбиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи ҷаҳонии футбол» масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла пешбурди ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои марбута, афзалияти Гурӯҳи дӯстон, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, гузаронидани семинару чорабиниҳои канорӣ ва дар ин замина омодагии шоиста ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 мавриди барррасӣ қарор дода шуд.
Илова бар ин, дар ҳамоиш рамзи расмии Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз тарафи Созмони Милали Мутттаҳид таҳия карда шудааст, ба ҳозирин муаррифӣ гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиёни нишаст оид ба пайгирии раванди татбиқи нақшаҳои гуфташуда табодули афкор намуда, баргузории чорабиниҳои марбутаро дар доираи Гурӯҳи дӯстони футбол дастгирӣ намуданд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид










Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






